Wayground logo

Free Printable Worksheets

Font size

S
M
L
XL
Worksheets

201-250 Савол Таърих ММТ 2019

Total questions: 51

Worksheet time: 26mins

Name
Class
Date
1.

Сабаби асосии аз Бобур Мирзо рӯй гардонидани мардум аз чӣ


иборат буд.

a)

ноободии кишвар

b)

даст кашидан аз ислоҳоти замин

c)

иғвои рӯҳониён дар байни мардум

d)

иттифоқ бо эрониён

2.

Соли 1501 дар Мовароуннаҳр кадом сулола ба сари ҳокимият


омад?

a)

Аштархониён

b)

Темуриён

c)

Манғитиён

d)

Шайбониён

3.

Соли 1501 дар Мовароуннаҳр кадом воқеа ба амал омад?

a)

Тангаҳои мисӣ аз муомилот бароварда шуд.

b)

Расадхонаи Улуғбек бино ёфт.

c)

Темур давлатро байни фарзандонаш тақсим намуд.

d)

Сулолаи Шайбониҳо ба сари ҳокимият омад.

4.

Кадом ҳодиса дар асри XVI ба амал омадааст?

a)

муборизаи қаҳрамононаи мардуми Хуҷанд бо сарварии Темурмалик

b)

муборизаи Сарбадорони Самарқанд ба муқобили муғулҳо

c)

амири саросари Мовароуннаҳр гардидани Темурланг

d)

ба сари ҳокимият омадани сулолаи Шайбониён

5.

Кадом воқеаи таърихӣ ПЕШТАР ба вуқӯъ омада буд?

a)

лашкаркашии Нодиршоҳи Афшор ба Мовароуннаҳр

b)

ба сари ҳокимият омадани сулолаи Шайбониён

c)

ба сулолаи Ҷониён гузаштани ҳокимият дар Бухоро

d)

хони Бухоро эълон гардидани Муҳаммадраҳимбий

6.

Сулолаи Темуриёнро кадом сулола иваз намуд?

a)

Шайбониён

b)

Ҷониён

c)

Манғитиён

d)

Қарахониён

7.

Муҳорибаи Пули Сангин байни киҳо ба амал омада буд?

a)

Исмоили I ва Бобур Мирзо

b)

Наҷми Сонӣ ва Убайдулло Султон

c)

Бобур Мирзо ва ӯзбекҳои шайбонӣ

d)

Исмоили I ва ӯзбекҳои шайбонӣ

8.

Кадом намояндаи Темуриён соли 1512 дар муҳорибаи назди Кӯли


Малик аз дасти Убайдулло Султон шикаст хӯрд?

a)

Улуғбек

b)

Шоҳрух

c)

Умаршайх

d)

Бобур Мирзо

9.

Кадом намуди заминдорӣ дар замони Шайбониён аз андози


давлатӣ озод буд?

a)

замини ҳурри холис

b)

мулки феодалӣ

c)

замини деҳқонӣ

d)

инъомшуда (суюрғол)

10.

Кадом андоз яке аз панҷ рукнҳои ислом ба шумор меравад?

a)

закот

b)

хироҷ

c)

аминона

d)

оброк

11.

Сулолаи Шайбониёнро кадом сулола иваз намуд?

a)

Ҷониён

b)

Манғитиён

c)

Темуриён

d)

Қарахониён

12.

Кадом асари таърихӣ ба давраи ҳукмронии Ҷониён бахшида


шудааст?

a)

“Равзат-ус-сафо”-и Мирхонд

b)

“Темурнома”-и Ҳотифӣ

c)

“Убайдуллонома”-и Мирмуҳаммадамини Бухороӣ

d)

“Бобурнома”-и Мирзо Бобур

13.

Мирзо Бобур поягузори кадом сулола буд?

a)

Шайбониҳо

b)

Ҷониён

c)

Манғитҳо

d)

Темуриёни Ҳинд

14.

Соли 1599 дар Бухоро кадом воқеа ба амал омад?

a)

Шоҳи Эрон Аббоси I шаҳрро забт кард.

b)

Сулолаи Аштархониён ба сари ҳокимият омад.

c)

Абдуллохони II ба сикка задани тангаҳои тиллоӣ шурӯъ кард.

d)

Бухоро пойтахти давлати Шайбониён гардид.

15.

Соли 1599 дар Бухоро чӣ воқеа рӯй дод?

a)

Ашрофони Бухоро маснади хониро ба Аштархониён пешниҳод


намуданд.

b)

Сулолаи Темуриён ҳокимияти худро барқарор намуд.

c)

Лашкари Нодиршоҳи Афшор шаҳрро забт намуд.

d)

Абдуллохони II аз тахти хонӣ даст кашид.

16.

Дар охири асри XVI дар Мовароуннаҳр кадом сулола ба сари


ҳокимият омад?

a)

Темуриён

b)

Манғитиён

c)

Ҷониён

d)

Шайбониён

17.

Дар асри XVII мири Бадахшон Ёрбек ба муқобили кадом сулола


мубориза мебурд?

a)

Аштархониён

b)

Манғитиён

c)

Темуриён

d)

Шайбониён

18.

Хонигарии Қӯқанд кай таъсис ёфт?

a)

асри XVI

b)

асри XVII

c)

асри XVIII

d)

асри XIX

19.

Пас аз соли 1710 дар қуҷо сулолаи мингҳои ӯзбек салтанат ронда


буд?

a)

Хонии Қӯқанд

b)

Аморати Бухоро

c)

Мулки Ҳисор

d)

Хонии Хева

20.

Кадом ҳодиса дар асри XVIII ба амал омад?

a)

забти Қӯқанд аз тарафи амир Насрулло

b)

ҳуҷуми Нодиршоҳи Афшор ба Мовароуннаҳр

c)

забти қалъаи Оқмачит аз тарафи лашкари Русия

d)

забти Сурия аз тарафи Темурланг

21.

Кадом давлат соли 1753 таъсис ёфта буд?

a)

Аштархониён

b)

Хонии Қӯқанд

c)

Хонии Хева

d)

Хонии Бухоро

22.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

амири Мовароуннаҳр гардидани Темурланг

b)

ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Марказӣ

c)

ташкилёбии давлати Шайбониён

d)

оғози ҳукмронии сулолаи Манғитиён

23.

Кадом воқеа дар асри XVIII ба амал омада буд?

a)

ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Шайбониён

b)

аз байн рафтани давлати Сарбадорони Хуросон

c)

оғози ҳукмронии сулолаи Манғитиён

d)

ташкилёбии давлати Темуриёни Ҳинд

24.

Кадом ҳоким хонигарии Бухороро ба аморат табдил дод?

a)

Насрулло

b)

Дониёл

c)

Абдулфайзхон

d)

Шоҳмурод

25.

Садриддин Айнӣ дар бораи кадом амир навишта буд:


“Амир ... тамоми маҳаллоти Хуҷанд, Ӯротеппа, Ховос, Зомин ва


Ёваро забт намуда, аҳолии онҳоро ҷудои ватан карда, кӯчонида ба


Самарқанд овард... Дар Самарқанд ин одамонро дар корҳои бинокорӣ


кор мефармоянд. 24 масҷид, дарвозаи шаҳр ва дигар иморатҳо бо


меҳнати онҳо сохта шудааст...”?

a)

Шайбонихон

b)

Раҳимхон

c)

Ҳайдар

d)

Шоҳмурод

26.

Дар нақша сохтори идоракунии кадом давлати Осиёи Марказӣ


дар асри XIX дода шудааст?

a)

Хонии Қӯқанд

b)

Хонии Хева

c)

Аморати Бухоро

d)

Генерал-губернатории Туркистон

27.

Дар солҳои 1753-1920 кадом давлат вуҷуд дошт?

a)

Аморати Бухоро

b)

Хонии Хева

c)

Хонии Қӯқанд

d)

Аштархониён

28.

Дар Осиёи Миёна мансабҳои амир, қушбегӣ, қозикалон, раис,


миршаб, мироб ва тӯпчӣ дар куҷо истифода мешуданд?

a)

Аморати Бухоро

b)

Хонигарии Хева

c)

Хонигарии Қӯқанд

d)

Генерал-губернатории

29.

Кӣ баъд аз амир бонуфузтарин мансабдори Аморати Бухоро ба


ҳисоб мерафт?

a)

миршаб

b)

қушбегӣ

c)

девонбегӣ

d)

иноқ

30.

Аҳмади Дониш дар бораи кадом сулола навишта буд: “... дар


айёми ҳукумати Дониёл ... аксар мадрасаҳо ва масоҷид аз дарсу намоз


таътил ёфта, ҳуҷраоти мадорис коҳхона ва ғалладон шуда...”?

a)

Шайбониён

b)

Ҷониён

c)

Манғитиён

d)

Қарахониён

31.

Дар нимаи асри XIX дар куҷо қабилаи манғит ҳукмрон буд?

a)

Хонии Қӯқанд

b)

Хонии Хева

c)

Аморати Бухоро

d)

Мулки Шаҳрисабз

32.

Сухан дар бораи кадом амир меравад: “Ӯ фавран се бародари


дигари худ – Зубайрхон, Ҳамзахон ва Сафдархонро бо зану фарзанд


қатл намуда, аз даъвогарони тахти амирӣ худро эмин намуд”?

a)

Ҳайдар

b)

Мир Ҳусайн

c)

Насрулло

d)

Шоҳмурод

33.

Кадом амири Бухороро мардум барои бераҳмӣ ва хунхорияш


“амири қассоб” меномиданд?

a)

Музаффар

b)

Ҳайдар

c)

Насрулло

d)

Олимхон

34.

Хотираҳои Дилшоди Барно дар бораи бедодгарии лашкари кӣ


нақл мекунад: “... ишғолгарон аввал деҳаҳоро ғорат карданд, боғҳо,


пулҳо ва иморатҳои беруни шаҳрро оташ заданд. Баъд ба шаҳр зада


даромада, хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороҷ,


фосиқӣ ва беномусӣ мекарданд”?

a)

амири Бухоро

b)

хони Қӯқанд

c)

беки Ҳисор

d)

беки Балҷувон

35.

С. Айнӣ кадом воқеаи соли 1842-ро инъикос намудааст: “Амир


баъд аз тасарруфи шаҳр қӯшунҳои худро ба тороҷ амр кард.


Қӯшун аз ҳеҷ беномусӣ ва беинтизомӣ бознаистод. Тамоми ашёи


аҳли шаҳри Хӯқанд (Қӯқанд) ба яғмо рафт”?

a)

истилогарии қабилаҳои афғон

b)

ҳуҷуми амири Бухоро

c)

забткориҳои Русия

d)

лашкаркашии мингҳо

36.

Дар бораи муносибати тиҷоратии кадом давлат бо хонигарии


Бухоро сухан меравад: “Бо фармони подшоҳи бузург Алексей


Михайлович ба сарзамини Бухоро бо дасти Анисим Грибов ва


ҳамроҳони ӯ чунин молҳо фиристодаанд: ба маблағи 4251 сӯм пӯсти


санҷоб, ба маблағи 100 сӯму 2 гривен устухони моҳӣ ...”?

a)

Англия

b)

Чин

c)

Русия

d)

Туркия

37.

Музаффархон дар кадом давра амири Бухоро буд?

a)

нимаи дувуми асри XIX

b)

нимаи аввали асри XIX

c)

ибтидои асри XX

d)

асри XVIII

38.

“Ҳуҷуми хевагӣ” аз тарафи лашкари кадом давлат амалӣ гардид?

a)

Русия

b)

Эрон

c)

Бухоро

d)

Афғонистон

39.

Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои Русия дар Осиёи Марказӣ кадом


давлатҳои мустақил вуҷуд доштанд?

a)

аморати Бухоро, хонии Қӯқанд ва хонии Хева

b)

шоҳигарии Бадахшон, бекигариҳои Ҳисор ва Кӯлоб

c)

бекигарии Қаротегин, Мастчоҳ ва Шаҳрисабз

d)

бекигарии Кӯлоб, Ӯротеппа ва Балҷувон

40.

Дар арафаи ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Марказӣ кадом


воҳиди маъмурӣ ниммустақил буд?

a)

Аморати Бухоро

b)

Хонии Хева

c)

Хонии Қӯқанд

d)

Мулки Ҳисор

41.

Бекигарӣ чист?

a)

унвони низомӣ

b)

воҳиди маъмурӣ

c)

мансаби давлатӣ

d)

идораи давлатӣ

42.

Мансабдори дувуми Аморати Бухоро кӣ буд?

a)

раис

b)

қозикалон

c)

лашкаркаш

d)

қушбегӣ

43.

Кадом мансабдори Бухоро ба тартиб додан ва қироати


фармонҳои амир машғул буд?

a)

иноқи калон

b)

қӯшбегӣ

c)

миршаб

d)

девонбегӣ

44.

Кӣ сардори деҳа буд?

a)

бек

b)

миршаб

c)

арбоб

d)

ҳоким

45.

Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омада буд?

a)

ташкилёбии генерал-губернатории Туркисто

b)

ҳалли “масъалаи Помир” байни Русия ва Англия

c)

аз байн рафтани ҳукмронии сулолаи Манғитиён

d)

оғози ҳуҷуми ишғолгаронаи лашкари рус ба Осиёи Марказӣ

46.

Забт гардидани Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар


кадом давра ба амал омад?

a)

нимаи дувуми асри XIX

b)

ибтидои асри XX

c)

асри XVIII

d)

нимаи аввали асри XIX

47.

Чунин вазъият чӣ пайомад дошт: ”Барои саноатчиёни Русия


бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Аз ин рӯ, ҳомиёни саноати


бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчи зудтар Осиёи Марказиро ба


бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд”?

a)

Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия забт карда шуд.

b)

Давлатҳои Осиёи Марказӣ ихтиёран ба ҳайати Русия дохил шуданд.

c)

Осиёи Марказӣ пойгоҳи тиҷоратии Русия бо Эрону Афғонистон


гардид.

d)

Русия бо давлатҳои Осиёи Марказӣ имтиёзи тиҷоратӣ дод.

48.

Кадом омил сабаби лашкаркашии Русияи подшоҳӣ ба Осиёи


Марказӣ гардид?

a)

аз байн рафтани истиқлолияти давлатдории халқҳои сарзамин

b)

пайдо кардани бозори нави молфурӯшӣ барои саноатчиёни Русия

c)

хотима гузоштан ба ҷангҳои мутақобилаи давлатҳои минтақа

d)

ба доираи муносибатҳои пулию молии сармоядорӣ кашида

49.

Кадом омил сабаби лашкаркашии Русияи подшоҳӣ ба Осиёи


Марказӣ гардид?

a)

аз байн рафтани истиқлолияти давлатдории халқҳои сарзамин

b)

пайдо кардани бозори нави молфурӯшӣ барои саноатчиёни Русия

c)

хотима гузоштан ба ҷангҳои мутақобилаи давлатҳои минтақа

d)

ба доираи муносибатҳои пулию молии сармоядорӣ кашида


шудани Осиёи Марказӣ

50.

Кадом воқеа соли 1864 ба амал омада буд?

a)

забти шаҳри Тошканд

b)

забти қалъаи Оқмачит

c)

“Ҳуҷуми хевагӣ”-и лашкари рус

d)

муттаҳид гардидани лашкари рус дар Чимкент

51.

Воқеаи дар асри XIX ба амал омадаро муайян намоед.

a)

ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Манғитиён

b)

ташкилёбии генерал-губернатории Туркистон

c)

фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро

d)

аз тарафи қабилаи мингҳо барпо гардидани хонии Қӯқанд