Worksheets450-509 Савол Таърих ММТ 2019
Total questions: 59
Worksheet time: 30mins
Кадом ходими сиёсӣ солҳои 1982-1985 роҳбари ҶШС Тоҷикистон
буд?
Турсун Ӯлҷабоев
Раҳмон Набиев
Ҷаббор Расулов
Қаҳҳор Маҳкамов
Кадом воқеа мувофиқи тартиби хронологӣ ПЕШТАР ба амал
омада буд?
Тоҷикистон узви Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо гардид.
НБО-и Норак ба истифода дода шуд.
Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Кадом НБО дар Тоҷикистон бузургтарин аст?
НБО-и Сангтӯда-1
НБО-и Норак
НБО-и Сарбанд
НБО-и Варзоб
Кадом воқеа соли 1972 ба амал омада буд?
нашри китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров
кушода шудани Театри ҷавонон
мукофоти “Уқоби тиллоӣ” гирифтани филми “Қисмати шоир”
таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон
Муаллифи китоби “Тоҷикон”-ро муайян кунед.
Эмомалӣ Раҳмон
Аҳрор Мухторов
Усмонҷон Ғаффоров
Бобоҷон Ғафуров
Соли 1972 кадом воқеаи таърихӣ дар ҳаёти Тоҷикистон ба амал
омада буд?
Асари С.Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” интишор ёфт.
Романи Сотим Улуғзода “Восеъ” нашр гардид.
Китоби “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров нашр гардид.
Асари Н. Неъматов “Давлати Сомониён” ба табъ расид.
Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омада буд?
таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон
нашри китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров
сазовори мукофоти “Уқоби тиллоӣ” гардидани филми
“Қисмати шоир”
кушода шудани Театри ҷавонон
Заводи арзизи тоҷик солҳои 70-уми асри XX дар кадом шаҳр
сохта шуд?
Турсунзода
Душанбе
Кӯлоб
Хоруғ
Сухан дар бораи кадом сиёсати Давлати Шӯравӣ меравад:
“Мақсади сиёсат хотима додан ба вазъи буҳронӣ, баланд бардоштани
ҳосилнокии меҳнат ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни
мардуми шӯравӣ, барҳам додани сохтори роҳбарии фармонфармоӣ ва
минбаъд инкишоф додани раванди демократикунонии ҳаёти
ҷамъиятӣ буд”?
истиқрори баъдиҷангӣ
инқилоби фарҳангӣ
бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ
бартараф намудани оқибатҳои шахспарастӣ
Сиёсати бозсозӣ кадом солҳо ба амал бароварда шуд?
1961-1965
1985-1991
1941-1945
1946-1950
Чунин вазъият дар кадом давра ба вуҷуд омада буд: “Дар
Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳо талошҳо аввал дар масъалаҳои
фарҳангӣ, пеш аз ҳама масъалаи забони тоҷикӣ сурат гирифта,
нерӯҳои сиёсие, ки ба заҳур меомаданд, аз мавқеи миллӣ ва аз назари
фарҳангӣ баромад мекарданд”?
сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ
идома ёфтани музокироти сулҳи байни тоҷикон
бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ
аз байн бурдани оқибатҳои шахспарастӣ
22 июли соли 1989 кадом рӯйдоди муҳим дар Тоҷикистон ба
амал омад?
Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Қонун “Дар бораи забон” қабул шуд.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
5-уми октябр дар Тоҷикистон кадом ҷашн таҷлил мегардад?
Рӯзи Забони давлатӣ
Рӯзи Парчами давлатӣ
Рӯзи Истиқлолият
Рӯзи Конститутсия
Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9-уми сентябр
27-уми июн
5-уми октябр
1-уми январ
24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон кадом санади таърихиро қабул намуд?
Қонун “Дар бораи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ”
“Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар
Тоҷикистон”
“Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
“Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон”
Сухан дар бораи таъсиси кадом сохтори байналмилалӣ меравад:
“8 декабри соли 1991 дар Беловежск сарварони Русия – Б. Н. Елтсин,
Белорус – С. С. Шушкевич ва Украина – Л. М. Кравчук ҷамъ омада,
дар бораи таъсиси ... созишнома имзо карданд. Дар Созишнома омада
аст, ки ИҶШС ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам мехӯрад”?
Иттиҳоди Аврупо
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Созмони Ҳамкории Шанхай
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
Пайомади асосии ба имзо расидани Созишномаи Беловежск аз чӣ
иборат буд?
Комитети Фавқулодаи Давлатӣ (ГКЧП) ташкил ёфт.
Мақомоти роҳбарии ИҶШС навсозӣ гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро эълон намуд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфт.
21 декабри соли 1991 чӣ воқеа ба амал омада буд?
таъсис ёфтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон
ташкил ёфтани Комитети Фавқулодаи Давлатӣ (ГКЧП)
имзои созишнома дар бораи ташкил ёфтани Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақил
дастгирии Созишномаи Беловежск аз тарафи сарони 11 ҷумҳурӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
гардид?
8 декабри соли 1991
9 сентябри соли 1991
2 марти соли 1992
21 декабри соли 1991
2 марти соли 1992 чӣ воқеа рӯй дода буд?
Шӯрои Олӣ Қ. Маҳкамовро президент интихоб намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гашт.
Эъломия дар бораи соҳибистиқлолияти ҶШС Тоҷикистон қабул
Дар шаҳри Душанбе бесарусомониҳо сар зад.
2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви кадом созмони
байналмилалӣ гардид?
Созмони Милали Муттаҳид
Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
Тоҷикистон аз соли 1992 узви кадом созмон мебошад?
Созмони Ҳамкории Шанхай
Созмони Милали Муттаҳид
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо
Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
Сухан дар бораи кадом давра меравад: “Дар натиҷа садҳо биноҳои
маъмуриву истиқоматӣ, дабистону кӯдакистонҳо ва деҳаҳои бутун
валангор шуданд. Ғоратгарӣ ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули
меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум ба яғмо рафт. Зарари моддии ба
ҷумҳурӣ расонида бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро
ташкил дод” ?
мубориза бар зидди кулакҳо
ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум
Ҷанги Бузурги Ватанӣ
мубориза ба муқобили босмачиҳо
Кадом воқеа дар соли 1992 ба амал омада буд?
9 сентябр рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор
гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон қабул гардид.
Сухан дар бораи кӣ меравад: “Акнун сарвари сиёсии кордон ва
корозмудае лозим буд, ки барои барқарор кардани сохти
конститутсионӣ роҳбарии ин муборизаро ба уҳда гирад. Чунин
сарвар ба таври демократӣ ва қонунӣ дар Иҷлосияи правовое
государство Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд интихоб гардид ва барои
рафъи хатари аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон нақши
бузурги таърихӣ бозид”?
Раҳмон Набиев
Эмомалӣ Раҳмон
Қаҳҳор Маҳкамов
Акбаршо Искандаров
Ин сухан ба кӣ тааллуқ дорад: “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар
хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд
мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором
намоем”?
Эмомалӣ Раҳмон
Қаҳҳор Маҳкамов
Раҳмон Набиев
Акбаршо Искандаров
Ибораи мувофиқро муайян намоед: “... рамзи соҳибдавлатӣ ва
ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки
номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва
мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард...”
Раванди ҷаҳонишавӣ
Истиқлолияти миллӣ
Ҳамгироии иқтисодӣ
Тиҷорати байналмилалӣ
Сухан дар бораи чӣ меравад: “Орзуи ба даст овардани мустақилияти
миллӣ амалӣ гашт... Ин ... ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор
нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза
мебошад”?
амнияти миллӣ
истиқлолияти миллӣ
давлати ҳуқуқбунёд
ислоҳоти иқтисодӣ
Соли 1994 кадом ходими давлатӣ Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон интихоб гардид?
Раҳмон Набиев
Қаҳҳор Маҳкамов
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаббор Расулов
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар минбари кадом
созмони байналмилалӣ баромад мекунад?
Созмони Ҳамкории Шанхай
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо
Созмони Милали Муттаҳид
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9-уми сентябр
27-уми июн
5-уми октябр
23-юми феврал
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9-уми сентябр
24-уми ноябр
5-уми октябр
6-уми ноябр
Ҳар сол 21-уми март дар Тоҷикистон кадом ҷашн таҷлил мегардад?
Сада
Тиргон
Наврӯз
Меҳргон
Даври аввали музокирот байни тоҷикон соли 1994 дар кадом шаҳр
баргузор гардид?
Бишкек
Москва
Теҳрон
Алмаато
Воқеаи соли 1994-ро муайян намоед.
оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
ба муомилот баровардани асъори миллӣ - сомонӣ
доир гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ
қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола 6-уми ноябр кадом рӯз ҷашн гирифта мешавад?
Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Ваҳдати Миллӣ
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кӣ соли 1994 ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб гардид?
Раҳмон Набиев
Қаҳҳор Маҳкамов
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаббор Расулов
Сухан ба кӣ тааллуқ дорад: “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна
ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва
ғайра болотар ва дахлнопазир бошад ...”?
аҳмон Набиев
Эмомалӣ Раҳмон
Қаҳҳор Маҳкамов
Акбаршо Искандаров
Сухан дар бораи кадом ташкилот меравад: ”...дар бунёди арзишҳо
ва суннатҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ва
форсизабонон ба манзури густариш ва таҳкими муносибатҳои
дӯстона таъсис ёфтааст”?
Анҷумани “Пайванд”
“Ҷунбиши миллии Тоҷикистон”
“Ҷамъияти русҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ
Соли 1996 кадом созмони байналмилалӣ таъсис ёфт?
Созмони Ҳамкории Шанхай
Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Бунёди байналмилалии Наҷоти Баҳри Арал
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви кадом ташкилоти байналмилалӣ
мебошад?
Созмони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН)
Созмони Муоҳидаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)
Созмони ҳамкории Шанхай
Иттиҳоди Аврупо
Дар Тоҷикистон 27-уми июн кадом ҷашн таҷлил мегардад?
Рӯзи Артиши миллӣ
Рӯзи Истиқлолият
Рӯзи Забони давлатӣ
Рӯзи Ваҳдати миллӣ
27 июни соли 1997 дар ҳаёти Тоҷикистон кадом воқеа ба амал омад?
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
“Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”
Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Моҳи сентябри соли 1999 кадом воқеа ба амал омада буд?
таҷлили 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён
ба муомилот баромадани асъори миллӣ – сомонӣ
ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва
ризояти миллӣ дар Тоҷикистон”
Сохтмони кадом иншоот дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оғоз гардид?
заводи трансформаторбарории Қӯрғонтеппа
заводи электрохимиявии Ёвон
шоҳроҳи автомобилгарди Мурғоб – Кулма – Қароқурум
комбинати қолинбофии шаҳри Хуҷанд
Кадом иншоот дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон бунёд гардид?
Заводи арзизи тоҷик
НБО-и Норак
НБО-и Сангтӯда-1
Заводи нуриҳои маъданӣ-азотии Вахш
Дар ҳамкорӣ бо кадом давлат НБО “Сангтӯда 2” сохта шуд?
Хитой
Эрон
ШМА
Русия
Барои кадом хизмати АСОСИАШ ба Бобоҷон Ғафуров унвони
“Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд?
барои фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Тоҷикистон,
инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ
барои мусоидат намудан ба рушди соҳаи фарҳанг
барои рушди соҳаи кишоварзӣ
барои поягузории давлатдории шӯравии тоҷик
Барои кадом хизмати АСОСӢ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони
“Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардид?
барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва
ризоияти миллӣ
барои фаъолият дар вазифаҳои давлатӣ
барои эҷоди асари “Тоҷикон дар оинаи таърих”
барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои кадом хизмати АСОСӢ ба Нусратулло Махсум унвони
“Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд?
фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар
поягузории истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
мубориза ба муқобили босмачиён
рушди соҳаи кишоварзӣ
баланд бардоштани дараҷаи саводнокии меҳнаткашон
Дар кадом давра ба Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур
унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд?
мубориза ба муқобили истилогарони немис
сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар ИҶШС
пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон
мубориза ба муқобили шахспарастӣ ва оқибатҳои он
Асъори миллӣ – сомонӣ кай ба муомилот бароварда шуд?
9 сентябри соли 1991
2 марти соли 1992
27 июни соли 1997
26 октябри соли 2000
Кадом вазифа ҷузъи се ҳадафи стратегии мамлакат маҳсуб меёбад?
ҷорӣ намудани асъори миллӣ – сомонӣ
хусусигардонии амволи давлатӣ
ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ
аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва лалмӣ
Кадом вазифа ҷузъи се ҳадафи стратегии мамлакат маҳсуб меёбад?
таъмини амнияти озуқаворӣ
з худ намудани заминҳои бекорхобида ва лалмӣ
хусусигардонидани амволи давлатӣ
ҷорӣ намудани асъори миллӣ – сомонӣ
Кадом вазифа ҷузъи се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аст?
хусусигардонии амволи давлатӣ
ҷорӣ намудани асъори миллӣ - сомонӣ
аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва лалмӣ
аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ
Сухан дар бораи чӣ меравад: “Аз моҳи январи соли 2003 Ҷумҳурии
Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеш гирифт ва дар натиҷа
кишварҳои хориҷ дилпурона инвеститсияҳои худро дар сохтмонҳои
калони саноатӣ, нерӯгоҳҳои обии барқӣ, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайраҳо
мегузоранд”?
тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ
ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон
барқарор гардидани робитаҳои дипломатӣ
рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ
Кадом ҳизби сиёсии Тоҷикистон қабл аз истиқлолият ташкил
ёфтааст?
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
Ҳизби халқӣ-демократӣ
Ҳизби аграрӣ
Ҳизби коммунистӣ
Даҳсолаи байналмилалии солҳои 2018-2028 таҳти кадом шиор
амалӣ мегардад?
“Об – барои табиат”
“Об - барои рушди устувор”
“Об – барои ҳаёт”
“Даҳсолаи байналмилалии Оби тоза”
Моҳияти сиёсати “дарҳои кушод” аз чӣ иборат аст?
бекор кардани андоз аз воридоти мол
канорагирӣ аз равандҳои ҷаҳонишавӣ
ҳамкорӣ бо созмон ва кишварҳои ҷаҳон
аз байн бурдани назорати сарҳадӣ
