Wayground logo

Free Printable Worksheets

Font size

S
M
L
XL
Worksheets

350-400 Савол Таърих ММТ 2019

Total questions: 50

Worksheet time: 25mins

Name
Class
Date
1.

Баҳонаи сар задани Шӯриши Усмонро муайян намоед?

a)

дастгирӣ намудани амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ

b)

барҳам додани тартиботи амирӣ аз тарафи М.В. Фрунзе

c)

ситонидани хироҷи 7-сола барои саркашӣ аз хизмати навкарӣ

d)

тақдими унвони “бий” ба Усмон аз тарафи ҳокими Қаротегин

2.

Ин воқеа чӣ пайомад дошт: “1 сентябри соли 1920 соати 10-и


пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Худи


ҳамон рӯз аз тарафи қисмҳои аскарони сурх Вобканд, Пирмаст,


Ғиждувон ва Қизилтеппа низ ишғол шуд”?

a)

“Ҳукумати халқии Усмон” ташкил ёфт.

b)

Отряди эъзомияи ҳарбии Ҳисор барҳам дода шуд.

c)

Фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе таъйин гардид.

d)

Ҳокимияти амир Олимхон аз байн бурда шуд.

3.

Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омада буд?

a)

гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Марказӣ

b)

сарнагун кардани амири Бухоро

c)

ташкил ёфтани ИҶШС

d)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

4.

Кадом воқеа дар асри XX ба амал омада буд?

a)

ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Манғитиён

b)

ташкилёбии генерал-губернатории Туркистон

c)

барпо гардидани хонии Қӯқанд аз тарафи қабилаи минг

d)

ҳалли “масъалаи Помир” байни Русия ва Англия

5.

Сухан дар бораи кадом воқеа меравад: “Инқилоб ... ба мардуми мо


умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн


рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии


ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз


зери фишори бадхоҳонаш озод намуд”?

a)

Инқилоби буржуазӣ-демократии солҳои 1905 -1907

b)

Инқилоби буржуазӣ-демократии февралии соли 1917

c)

Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябри соли 1917

d)

Шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916

6.

Кадом воқеаи таърихӣ ПЕШТАР ба вуқӯъ омада буд?

a)

ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

b)

аз байн рафтани ҳокимияти амири Бухоро

c)

баргузор гардидани Анҷумани якуми умумибухороии


намояндагони халқ

d)

ташкил ёфтани Комиссияи фавқулодаи Бухоро (Бухчека)

7.

Сухан дар бораи кадом воқеа меравад: “Дар анҷуман асосан


намояндагони деҳқонон, зиёиён, тоҷирон, косибон ва ҳунармандон


иштирок доштанд. 8 октябри соли 1920 анҷуман дар бораи ... қарори


таърихӣ қабул кард”?

a)

ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

b)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

c)

ташкил намудани отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор

d)

аз байн бурдани ҳокимияти амирӣ дар Бухоро

8.

Кадом воқеа соли 1920 ба амал омада буд?

a)

аз байн рафтани ҳокимияти Россияи подшоҳӣ дар Туркистон

b)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

c)

ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

d)

эълони ислоҳоти амир Олимхон

9.

8 октябри соли 1920 чӣ воқеа рӯй дода буд?

a)

пароканда гардидани қӯшунҳои амири Бухоро

b)

ташкил ёфтани Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

c)

ҳуҷуми аскарони сурх ба Бухоро

d)

ташкил ёфтани Фронти Туркистон

10.

С. Айнӣ дар бораи кадом воқеа гуфта буд: “Аскарони амир,


ғазоталабон ва босмачиёни Фарғона, ки ба нияти имдод дар рикоби


амир омада буданд, аҳолиро тороҷ карда, ба ҷон расониданд. Бинобар


ин аксари аҳолӣ ба кӯҳҳои баланд фирор намуда, шаҳр ва қишлоқҳоро


холӣ гузоштанд”?

a)

таҷовузи Ф. Колесов ба муқобили Аморати Бухоро

b)

амалиёти кумитаҳои инқилобӣ

c)

ғоратгарии лашкари амир Олимхон дар Ҳисор

d)

фирори амир Олимхон ба Афғонистон

11.

Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ бо мақсади ҷорӣ намудани Ҳокимияти


Шӯравӣ дар кадом қисмати Тоҷикистон ба фаъолият пардохт?

a)

Кӯлоб

b)

Помир

c)

Хуҷанд

d)

Душанбе

12.

Истилоҳи “кооператсия” чӣ маъно дорад?

a)

намояндагӣ

b)

қарздиҳӣ

c)

маблағгузорӣ

d)

ҳамкорӣ

13.

Кадом чорабинӣ аз ҷониби Давлати Шӯравӣ амалӣ нагардида буд?

a)

эълон гардидани рӯзи кории 8-соата

b)

милликунонии корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ

c)

манъ кардани истифодаи қувваи кории кироя дар заминҳои бойҳо

d)

ташкил намудани дастаҳои муҷоҳиддин ва босмачиҳо

14.

Моҳияти ислоҳоти обу замин дар солҳои 1918-1927 аз чӣ иборат


буд?

a)

милликунонии саноат

b)

тақсими замин ба деҳқонони камзамин ва безамин

c)

ҷорӣ намудани назорати коргарӣ

d)

электрикунонии хоҷагии халқ

15.

Кадом чорабинӣ дар солҳои 1921-1936 амалӣ шуда буд?

a)

“коммунизми ҳарбӣ”

b)

коллективонидани саросарии хоҷагии қишлоқ

c)

инқилоби фарҳангӣ

d)

сиёсати нави иқтисодӣ

16.

Масъалаи “кӣ-киро?” ба кадом чорабинии Давлати Шӯравӣ хос


буд?

a)

инқилоби фарҳангӣ

b)

сиёсати нави иқтисодӣ

c)

коллективонидани хоҷагии қишлоқ

d)

“коммунизми ҳарбӣ”

17.

Отряди ҳарбӣ-экспедитсионии Ҳисор бо кадом мақсад ташкил


карда шуда буд?

a)

барои барҳам додани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

b)

барои барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

c)

барои пахш намудани музаффариятҳои инқилоб

d)

барои муваффақшавӣ ба истиқлолияти Ҳисор

18.

Вазифаи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор аз чӣ иборат буд?

a)

барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

b)

гусел намудани амир Олимхон то сарҳади Афғонистон

c)

дар урдугоҳҳои низомӣ ҷамъ овардани сарборзони подшоҳӣ

d)

баррасии масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе

19.

21 феврали соли 1921 дар Душанбе чӣ воқеа рӯй дода буд?

a)

оғози амалиёти Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор

b)

таъсис ёфтани қароргоҳи муваққатии амир Олимхон

c)

пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардидани шаҳри Душанбе

d)

барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ

20.

Моҳи сентябри соли 1921 дар Помир чӣ воқеа рӯй дода буд?

a)

ҳалли “масъалаи Помир”

b)

омадани амир Олимхон

c)

ташкилёбии Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ

d)

таъсис ёфтани вилояти мухтор

21.

30 декабри соли 1922 кадом воқеа ба амал омада буд?

a)

барпо гардидани Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ

b)

муайян гардидани хати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

c)

қабули Эъломия дар бораи барҳам додани ҳокимияти амири


Бухоро

d)

ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон

22.

Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омада буд?

a)

ташкил ёфтани ИҶШС

b)

барпо гардидани ҶШС Тоҷикистон

c)

тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Марказӣ

d)

ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон

23.

Соли 1924 дар Осиёи Марказӣ кадом маъракаи сиёсӣ гузаронида


шуд?

a)

ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил шуд.

b)

Аввалин нақшаи панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқ қабул гардид.

c)

Тақсимоти миллӣ-марзӣ амалӣ гардид.

d)

Интихоботи Шӯроҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ гузаронида шуд.

24.

Воқеаи соли 1924-ро муайян намоед.

a)

таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон

b)

ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

c)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

d)

ташкил ёфтани Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор

25.

Мақсади асосии гузаронидани тақсимоти миллӣ-маъмурӣ дар


Осиёи Миёна аз чӣ иборат буд?

a)

гузаштан аз низоми сармоядорӣ ба сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ

b)

ба охир расонидани ҷанги шаҳрвандӣ ва гузаштан ба ҳаёти осоишта

c)

ҳалли масъалаи миллӣ ва таъмини баробарҳуқуқии халқҳо

d)

хотима додан ба сиёсати “коммунизми ҳарбӣ”

26.

Мақсади тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна аз чӣ иборат


буд?

a)

ҳалли масъалаи миллӣ дар Осиёи Миёна

b)

мураккаб намудани масъалаи миллӣ дар Осиёи Миёна

c)

дастгирӣ намудани миллатҳои туркзабони муқими Осиёи Миёна

d)

хотима додани Ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна

27.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

гузаронидани тақсимоти миллӣ-маъмурӣ дар Осиёи Миёна

b)

аз байн рафтани ҳокимияти амир Олимхон дар Бухоро

c)

ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии


Тоҷикистон

d)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

28.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

ташкил ёфтани ИҶШС

b)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

c)

аз байн рафтани аморати Бухоро

d)

гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ

29.

14 октябри соли 1924 чӣ воқеа рӯй дод?

a)

Комиссияи марказии ҳудудҷудокунӣ ташкил дода шуд.

b)

Ҳавзаи Помир ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил гардид.

c)

Қарор дар бораи таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид.

d)

ҶМШС Тоҷикистон ба воситаи ҶШС Ӯзбекистон ба ҳайати ИҶШС


дохил шуд.

30.

Кадом воқеа соли 1924 ба амал омада буд?

a)

ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

b)

барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Душанбе

c)

таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

d)

ташкил ёфтани Отряди эъзомияи ҳарбии Ҳисор

31.

Харита воқеияти таърихии кадом давраро инъикос менамояд?

a)

1917-1922

b)

1929-1936

c)

1922-1924

d)

1924-1929

32.

Тоҷикистон кадом солҳо ҷумҳурии мухтор буд?

a)

1924–1929

b)

1941–1945

c)

1917–1924

d)

1929–1941

33.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Марказӣ

b)

ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон

c)

ташкил ёфтани ИҶШС

d)

таъсиси ҶШС Тоҷикистон

34.

Мухолифони Ҳокимияти Шӯравиро дар Тоҷикистон муайян кунед.

a)

коргарон

b)

босмачиён

c)

камбағалон

d)

деҳқонон

35.

Дастаи босмачиёни Анварпошшо дар куҷо торумор карда шуд?

a)

Балҷувон

b)

Ҳисор

c)

Қаротегин

d)

Бойсун

36.

Вазифаҳои асосии сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон


кадом солҳо иҷро шуд?

a)

1925-1936

b)

1924-1929

c)

1936-1941

d)

1946-1950

37.

Мушкилии асосии саноатикунониии ҶМШС Тоҷикистон дар


солҳои 20-уми асри ХХ аз чӣ иборат буд?

a)

набудани корхонаҳои саноатӣ ва аз ибтидо оғоз намудани онҳо

b)

набудани ашёи хом

c)

мусоид набудани шароити иқлимӣ

d)

ақибмонии соҳаи кишоварзӣ

38.

Вазифаҳои нақшаи сохтмони сотсиализмро муайян намоед.

a)

аз байн бурдани ҳокимияти амирӣ, пахш кардани ҳаракати


босмачигарӣ, гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ

b)

ҷорӣ намудани назорати коргарӣ, таъсиси мақомоти қудратӣ ва


Артиши Сурх

c)

саноатикунонии кишвар, коллективонидани соҳаи кишоварзӣ,


инқилоби маданӣ

d)

муайян намудани хати сарҳади давлатӣ, имзои созишнома бо


Эрону Афғонистон, ташкили “Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ”

39.

Нақшаи сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон кадом вазифаҳоро


дар бар мегирифт?

a)

аз байн бурдани ҳокимияти амирӣ, пахш кардани ҳаракати


босмачигарӣ, гузаронидани тақсимоти миллӣ-маъмурӣ

b)

ҷорӣ намудани назорати коргарӣ, таъсиси мақомоти қудратӣ


ва Артиши Сурх

c)

саноатикунонии кишвар, коллективонидани соҳаи кишоварзӣ,


инқилоби маданӣ

d)

муайян намудани хати сарҳади давлатӣ, имзои созишнома


бо Эрону Афғонистон, ташкили “Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ”

40.

Моҳияти сиёсати коллективонидани соҳаи кишоварзӣ аз чӣ


иборат буд?

a)

муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ ба хоҷагиҳои


дастаҷамъии истеҳсолӣ

b)

ба вуҷуд овардани синфи коргари миллӣ дар Тоҷикистон

c)

гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна

d)

ташаккули маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ

41.

Сиёсати коллективонидани соҳаи кишоварзӣ кадом вазифаро


иҷро кард?

a)

амалӣ намудани тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна

b)

муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ

c)

ба вуҷуд овардани маданияти шаклан миллию мазмунан


сотсиалистӣ

d)

ташаккули синфи коргари миллӣ дар Тоҷикистон

42.

Ташкили тозҳо, артелҳо, коммунаҳо, колхозҳо ва совхозҳо ба


давраи амалӣ намудани кадом чорабинӣ хос буд?

a)

инқилоби пролетарии фарҳангӣ

b)

тақсимоти миллӣ-марзӣ

c)

коллективонидани хоҷагии қишлоқ

d)

сиёсати “коммунизми ҳарбӣ”

43.

Ташкили мактабҳои мавҳи бесаводӣ ҷузъи таркибии кадом


сиёсати Давлати Шӯравӣ буд?

a)

мубориза барои ҳалли масъалаи аграрӣ (кишоварзӣ)

b)

ба амал баровардани инқилоби фарҳангӣ

c)

мубориза ба муқобили дастаҳои босмачиҳо

d)

гузаронидани саноатикунонии иқтисоди кишвар

44.

Солҳои 1929-1961 пойтахти ҶШС Тоҷикистон чӣ ном дошт?

a)

Душанбе

b)

Хуҷанд

c)

Кировобод

d)

Сталинобод

45.

Таъқиботи сталинии солҳои 30-юми асри XX дар Тоҷикистон бо


қарори кадом суд амалӣ мешуд?

a)

иқтисодӣ

b)

тройка

c)

ҳарбӣ

d)

рафиқона

46.

Дар расм кадом шахсияти сиёсии Тоҷикистон инъикос гардидааст?

a)

Шириншо Шотемур

b)

Абдуқодир Муҳиддинов

c)

Чинор Имомов

d)

Нусратулло Махсум

47.

Сухан дар бораи кӣ меравад: “Ӯ аввалин Раиси Ҳукумати ҶМШС


Тоҷикистон буда, солҳои 1929-1933 сарварии КИМ ҶШС Тоҷикистонро


ба уҳда дошт”?

a)

Садриддин Айнӣ

b)

Нусратулло Махсум

c)

Бобоҷон Ғафуров

d)

Шириншоҳ Шоҳтемур

48.

Соли 1929 кадом театри касбии Тоҷикистон аввалин шуда ба


фаъолият шурӯъ намуд?

a)

Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ

b)

Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский

c)

Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов

d)

Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ

49.

Дар соҳили кадом дарё солҳои 30-юми асри ХХ дар Тоҷикистон


аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО) сохта шуд?

a)

Вахш

b)

Варзоб

c)

Зарафшон

d)

Панҷ

50.

Соли 1933 дар Душанбе кадом муассисаи илмӣ ташкил ёфт?

a)

Базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС

b)

Академияи сабзавоту меваи Хуҷанд

c)

Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

d)

Иттиҳодияи илмии аълочиёни маориф