wayground logo

Free Printable Worksheets

NEW

Font size

S
M
L
XL
Worksheets

400-450 Савол Таърих ММТ 2019

Total questions: 51

Worksheet time: 26mins

Name
Class
Date
1.

Соли 1934 дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон чӣ воқеа рӯй дод?

a)

ташкил ёфтани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

b)

таъсис ёфтани Донишкадаи педагогии Душанбе

c)

оғози фаъолияти базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС

d)

қабули аввалин Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон

2.

Кадом воқеа соли 1934 ба амал омад?

a)

ташкилёбии китобхонаи илмӣ-оммавии ба номи А. Фирдавсӣ

b)

оғози нашри рӯзномаи “Тоҷикистони сурх”

c)

ташкилёбии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

d)

таъсисёбии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

3.

Соли 1939 дар ҶШС Тоҷикистон кадом алифбо қабул гардид?

a)

арабӣ

b)

кириллӣ

c)

лотинӣ

d)

чинӣ

4.

1 сентябри соли 1939 чӣ воқеа рӯй дода буд?

a)

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оғоз гардид.

b)

Ҷанг байни ИҶШС ва Финландия анҷом ёфт.

c)

Олмони фашистӣ ба ИҶШС ҳамла намуд.

d)

Дар ИҶШС сохтмони сотсиализм оғоз гардид.

5.

Неъмат Қарабоев дар кадом ҷанг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди


Шӯравиро гирифт?

a)

Ҷанги Якуми Ҷаҳон

b)

Ҷанги шаҳрвандӣ

c)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

d)

Ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Финландия

6.

Аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон кӣ буд?

a)

Чӯтак Уразов

b)

Исмоил Ҳамзаалиев

c)

Неъмат Қарабоев

d)

Тӯйчӣ Эрйигитов

7.

Соли 1940 кӣ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ


гардида буд?

a)

Сафар Амиршоев

b)

Неъмат Қарабоев

c)

Ҳайдар Қосимов

d)

Ҳодӣ Кенҷаев

8.

22 июни соли 1941 кадом воқеа ба амал омада буд?

a)

ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба ИҶШС

b)

ба сари ҳокимият омадани Гитлер

c)

шикасти лашкари Олмон дар назди Москва

d)

оғози Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ

9.

Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омада буд?

a)

ба охир расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ

b)

ҷашни Рӯзи Ғалаба

c)

гузаронидани Паради Ғалаба

d)

оғози ҷанги ИҶШС бар зидди Япония

10.

Плакати зерин ба кадом давраи таърихӣ марбут аст?

a)

мубориза бар зидди босмачиён

b)

тайёрӣ ба инқилоби Октябр

c)

ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

d)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

11.

Шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!” ба кадом


давра тааллуқ дорад?

a)

Ҷанги шаҳрвандӣ

b)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

c)

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон

d)

Ҷанги Якуми Ҷаҳон

12.

Шиори “Марг ба истилогарони фашист!” ба кадом солҳо марбут аст?

a)

1946-1950

b)

1941-1945

c)

1924-1929

d)

1929-1936

13.

Кадом муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ПЕШТАР ба амал


омада буд?

a)

назди Москва

b)

назди Днепр

c)

камонаки Курск

d)

назди Сталинград

14.

Дивизияи 20-уми савораи кӯҳии Тоҷикистонӣ дар кадом


муҳориба аввалин маротиба корнамоӣ нишон дод?

a)

назди Сталинград

b)

назди Москва

c)

ҳуҷум ба Берлин

d)

мудофиаи Ленинград

15.

Сухан дар бораи кӣ меравад: “... 5-уми октябри соли 1943 корнамоии


Александр Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи


оташфишонии душманро пӯшонидааст. Баъди маргаш ба унвони


“Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардидааст”?

a)

Фатҳулло Аҳмадов

b)

Неъмат Қаробоев

c)

Тӯйчӣ Эрйигитов

d)

Ҳодӣ Кенҷаев

16.

Кадом ҷанговари тоҷик корнамоии Александр Матросовро


такрор намуда буд?

a)

Ҳодӣ Кенҷаев

b)

Тӯйчӣ Эрйигитов

c)

Неъмат Қарабоев

d)

Фатҳулло Аҳмадов

17.

Барои корнамоӣ дар муҳорибаи Курск киҳо ба унвони Қаҳрамони


Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардиданд?

a)

Неъмат Қаробоев ва Муҳаммад Иброҳимов

b)

Аҳмад Турдиев ва Тӯйчӣ Эрйигитов

c)

Ойгул Маҳмадҷонова ва Фатҳулло Аҳмадов

d)

Исмоил Ҳамзаалиев ва Ҳодӣ Кенҷаев

18.

Домулло Азизов барои кадом хизматҳояш ба унвони Қаҳрамони


Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида буд?

a)

иштироки фаъолона дар таъсиси ҶМШС Тоҷикистон

b)

далерӣ ва шуҷоати ҷангӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

c)

мубориза ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи босмачиён

d)

рушди пахтакорӣ дар солҳои баъдиҷангӣ

19.

Кадом ҷанговари тоҷик дар ҳимояи “хонаи Павлов” ширкат


намуда буд?

a)

Ҳодӣ Кенҷаев

b)

Неъмат Қарабоев

c)

Аҳмад Турдиев

d)

Тӯйчӣ Эрйигитов

20.

Сухан дар бораи чӣ меравад: “Ҷанговарони паҳлавони мо!


Шердилона ба пеш қадам занед, писарони маҳбуби Тоҷикистон! ... Мо


боварии комил дорем, дур нест он рӯз, ки Армияи Сурхи қаҳрамони


мо ... одамхӯрони гитлериро ба куллӣ торумор менамояд... ”?

a)

мубориза бар зидди босмачиён дар аввали солҳои 20-уми асри XX

b)

мубориза бо фашистони немис дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

c)

мубориза бо мухолифони Тоҷикистони соҳибистиқлол

d)

мубориза бо кулакҳо дар аввали солҳои 30-юми қарни XX

21.

Матн моҳияти кадом давраро ифода мекунад: “Шумо дар куҷое,


ки мубориза кунед, хоҳ дар соҳили дарёи Дон, хоҳ дар саҳроҳои


Украина, хоҳ дар гирду атрофи Ленинград, Шумо Сталинобод,


канораҳои дарёи Панҷ, кӯҳҳои Помир, водию саҳроҳои Вахш ва


Ленинободро муҳофизат менамоед”?

a)

Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ

b)

мубориза ба муқобили босмачиҳо дар солҳои 1918-1935

c)

ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920

d)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

22.

Матн моҳияти кадом давраро ифода мекунад: “Шумо дар куҷое,


ки мубориза кунед, хоҳ дар соҳили дарёи Дон, хоҳ дар саҳроҳои


Украина, хоҳ дар гирду атрофи Ленинград, Шумо Сталинобод,


канораҳои дарёи Панҷ, кӯҳҳои Помир, водию саҳроҳои Вахш ва


Ленинободро муҳофизат менамоед”?

a)

Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ

b)

мубориза ба муқобили босмачиҳо дар солҳои 1918-1935

c)

ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920

d)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

23.

Матн моҳияти кадом давраи таърихиро ифода менамояд: “Занон,


модарон ва хоҳарони Шумо бо тамоми қувваи худ ба Армияи Сурх


ёрӣ расонида истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад”?

a)

сохтмони асосҳои сотсиализм

b)

мубориза ба муқобили босмачиён

c)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

d)

азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ

24.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд нафар фиристодаи Тоҷикистон


ба унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардиданд?

a)

54

b)

64

c)

74

d)

84

25.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

ба имзо расидани Акти таслими бечунучарои Япония

b)

анҷомёбии Ҷан ги Бузурги Ватанӣ

c)

доир гаштани Паради Ғалаба

d)

саршавии ҷанги ИҶШС бар зидди Япония

26.

2 сентябри соли 1945 чӣ воқеа рӯй дода буд?

a)

Паради Ғалаба доир гашт.

b)

ИҶШС бар зидди Япония ҷанг оғоз намуд.

c)

Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта шуд.

d)

Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба охир расид.

27.

Ин воқеа чӣ пайомад дошт: “Японияи милитаристӣ ба фишори


қӯшуни шӯравӣ ва Артиши халқии Хитой тоб оварда натавониста,


2 сентябри соли 1945 Акти бечунучарои таслимшавиро имзо намуд”?

a)

Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил ёфт.

b)

ИҶШС ба муқобили Япония ба ҷанг дохил шуд.

c)

Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба охир расид.

d)

Дар Майдони сурхи Москва Паради Ғалаба доир гардид.

28.

Кадом ходими давлатии Тоҷикистон дар акс тасвир


ёфта аст?

a)

Бобоҷон Ғафуров

b)

Ҷаббор Расулов

c)

Раҳмон Набиев

d)

Турсун Ӯлҷабоев

29.

Шоири покистонӣ Файз Аҳмад Файз дар бораи кӣ чунин гуфта


буд: “Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини


Машриқ мебошад”?

a)

Садриддин Айнӣ

b)

Бобоҷон Ғафуров

c)

Мирзо Турсунзода

d)

Ҷаббор Расулов

30.

Кадом ходими давлатӣ ПЕШТАР роҳбари ҶШС Тоҷикистон буд?

a)

Бобоҷон Ғафуров

b)

Турсун Ӯлҷабоев

c)

Раҳмон Набиев

d)

Ҷаббор Расулов

31.

Соли 1948 дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон кадом воқеа


рӯй дод?

a)

Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил ёфт.

b)

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

c)

Студияи телевизионӣ дар Душанбе ба кор оғоз намуд.

d)

Дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

32.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кадом давра ташкил ёфта


буд?

a)

мубориза ба муқобили фашистон

b)

барпо кардани асосҳои сотсиализм

c)

азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ

d)

мубориза ба муқобили шахспарастӣ

33.

Кадом воқеа ПЕШТАР ба амал омадааст?

a)

ба кор даромадани студияи телевизиони Тоҷикистон

b)

ташкил ёфтани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

c)

гузаронидани Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав

d)

таъсис ёфтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

34.

Кадом воқеа соли 1948 рӯй дода буд?

a)

таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

b)

гузаронидани Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав

c)

ба кор даромадани студияи телевизиони Тоҷикистон

d)

таъсиси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

35.

Кадом воқеа соли 1951 ба амал омада буд?

a)

ташкил ёфтани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

b)

ба кор даромадани студияи телевизиони Тоҷикистон

c)

гузаронидани Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав

d)

таъсис ёфтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

36.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омадааст?

a)

ташкил ёфтани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

b)

таъсис ёфтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

c)

ба кор даромадани студияи телевизиони Тоҷикистон

d)

ташкилёбии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

37.

НБО “Дӯстии халқҳо”-и Қайроқум дар кадом дарё сохта шудааст?

a)

Сир

b)

Кофарниҳон

c)

Вахш

d)

Зарафшон

38.

Солҳои 1956-1961 кадом ходими сиёсӣ роҳбари ҶШС Тоҷикистон


буд?

a)

Бобоҷон Ғафуров

b)

Ҷаббор Расулов

c)

Раҳмон Набиев

d)

Турсун Ӯлҷабоев

39.

Сухан дар бораи кадом ходими давлатӣ меравад: “Маҳз дар тӯли


солҳои 1956-1961 ... ҳамчун донандаи хуби ҳаёти иқтисодӣ ба он


эътибор дод, ки дар ҷумҳурӣ бештар корхонаҳои калони саноатӣ ва


корхонаҳои коркарди ашёи хом сохта шавад”?

a)

Р. Набиев

b)

Т. Ӯлҷабоев

c)

Ҷ. Расулов

d)

Б. Ғафуров

40.

НБО Норак ба номи кадом ходими давлатӣ номгузорӣ шудааст?

a)

Ҷаббор Расулов

b)

Қаҳҳор Маҳкамов

c)

Раҳмон Набиев

d)

Турсун Ӯлҷабоев

41.

Кадом воқеа соли 1959 ба амал омада буд?

a)

ба кор даромадани студияи телевизиони Тоҷикистон

b)

гузаронидани Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав

c)

ташкил ёфтани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон

d)

таъсис ёфтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

42.

Сохтмони НБО Норак дар давраи роҳбарии кадом ходими


давлатӣ оғоз гардида буд?

a)

Бобоҷон Ғафуров

b)

Раҳмон Набиев

c)

Ҷаббор Расулов

d)

Турсун Ӯлҷабоев

43.

Кадом НБО-и кишвар ба номи Турсун Ӯлҷабоев номгузорӣ


шудааст?

a)

Варзоб

b)

Роғун

c)

Қайроқум

d)

Норак

44.

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омада буд?

a)

ба кор даромадани студияи телевизионии Тоҷикистон

b)

интихоб гардидани Б. Ғафуров ба вазифаи роҳбари ҷумҳурӣ

c)

интихоб гардидани Б. Ғафуров ба вазифаи роҳбари ҷумҳурӣ

d)

таъсис ёфтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

45.

Кадом воқеа соли 1960 ба амал омада буд?

a)

нашри китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров

b)

таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон

c)

сазовори мукофоти “Уқоби тиллоӣ” гардидани филми


“Қисмати шоир”

d)

кушода шудани Театри ҷавонон

46.

Кадом ҳодиса берун аз ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ба амал омадааст?

a)

заминларза дар Ҳоит

b)

парвози аввалини инсон ба кайҳон

c)

ташкилёбии Академияи илмҳои Тоҷикистон

d)

оғози фаъолияти маркази телевизионии Душанбе

47.

Кадом ходими сиёсӣ солҳои 1961-1982 роҳбари ҶШС Тоҷикистон


буд?

a)

Турсун Ӯлҷабоев

b)

Бобоҷон Ғафуров

c)

Раҳмон Набиев

d)

Ҷаббор Расулов

48.

Сухан дар бораи кадом ходими давлатӣ меравад: “Зиёда аз 20 сол


(1961-1982) ... бевосита роҳбарии ҷумҳуриро ба ӯҳда дошта, дар


ободии Ватан, алалхусус пешрафти саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва


илм хизмати босазо намудааст”?

a)

Бобоҷон Ғафуров

b)

Турсун Ӯлҷабоев

c)

Ҷаббор Расулов

d)

Раҳмон Набиев

49.

Дар татбиқи барномаи Комплекси ҳудудӣ-истеҳсолии Тоҷикис-


тони Ҷанубӣ кадом ходими давлатӣ саҳми калон гузошта буд?

a)

Ҷаббор Расулов

b)

Қаҳҳор Маҳкамов

c)

Раҳмон Набиев

d)

Турсун Ӯлҷабоев

50.

Суханони Ҷаббор Расулов дар ҷашни 50-солагии таъсисёбии ИҶШС


аз чӣ гувоҳӣ медиҳад: “Роҳе, ки Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти


Шӯравӣ тай кард, роҳест аз қафомонии феодалӣ ба ғалабаи сотсиализм,


аз ҳаёти асримиёнагӣ ба қуллаҳои прогресси ҳозира ...”?

a)

аз пешрафти Тоҷикистон дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ

b)

аз қафомонии Тоҷикистон дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ

c)

аз маҳдудияти сиёсии Тоҷикистон дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ

d)

аз дастгирию иттиҳоди халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ

51.

Кадом ходими давлатӣ БАЪДТАР роҳбари ҶШС Тоҷикистон буд?

a)

Раҳмон Набиев

b)

Бобоҷон Ғафуров

c)

Ҷаббор Расулов

d)

Турсун Ӯлҷабоев