wayground logo

Free Printable Worksheets

Font size

S
M
L
XL
Worksheets

Саволҳои шабакаҳои телекоммуникатсионӣ

Total questions: 52

Worksheet time: 29mins

Name
Class
Date
1.

Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ барои чӣ хизмат мерасонанд?

a)

Интиқоли маълумот ба масофаҳои дур

b)

Интиқоли барқ ба масофаҳои дур

c)

Идоракунии трафик дар шабака

d)

Таъмини амнияти шабакаҳо

2.

Системаи компютерӣ чист?

a)

Компютерест бо система ва таъминоти барномавӣ

b)

Системаи таҳлили маълумотҳо и зиёд

c)

Тачҳизоти воридотӣ ва таҳлил

d)

Пайдарпаии коркарди қисматҳои масъала

3.

Фаҳмидани таърихи инкишофи шабакаҳо ба мо чӣ имкон медиҳад?

a)

Арзёбии ҳаҷми тағйирот дар ин соҳа

b)

Баланд бардоштани нархҳо

c)

Кам кардани истеъмоли энергия

d)

Зиёд кардани шумораи кормандон

4.

Аввалин системаи барқӣ барои интиқоли паёмҳо ба масофаҳои дур кадом буд?

a)

Телеграф

b)

Телефон

c)

Радио

d)

Интернет

5.

Кадом ихтироъ дар коммуникатсия инқилоб ба амал овард ва имкон дод, ки маълумоти овозӣ интиқол дода шавад?

a)

Телефон

b)

Телеграф

c)

Радио

d)

Интернет

6.

Инкишофи радиопахш чӣ имкон дод?

a)

Интиқоли паёмҳои аудиоӣ бесим ба масофаҳои дур

b)

Интиқоли маълумоти рақамӣ

c)

Пайвастшавӣ ба шабакаҳои компютерӣ

d)

Гузариш аз сигналҳои рақамӣ ба аналогӣ

7.

Гузариш аз сигналҳои аналогӣ ба рақамӣ чӣ имкон дод?

a)

Интиқоли маълумоти бештар бо таҳрифҳои камтар

b)

Интиқоли маълумоти камтар бо таҳрифҳои зиёдтар

c)

Зиёд кардани хароҷоти трафики шабакавӣ

d)

Кам кардани суръат интиқоли маълумот

8.

Пешгузаштаи интернет кадом шабака буд?

a)

ARPANET

b)

Телефон

c)

Радио

d)

WWW

9.

Пешгузаштаи интернет кадом шабака буд?

a)

ARPANET

b)

Телефон

c)

Радио

d)

WWW

10.

Кадом стандарт ба шабакаҳои гуногун имкон дод, ки бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоянд?

a)

TCP/IP

b)

GSM

c)

Bluetooth

d)

Wi-Fi

11.

Ҷараёни иттилооте, ки тавассути шабака интиқол дода мешавад чӣ номида мешавад?

a)

Трафики шабакавӣ

b)

Сигнал

c)

Додаҳои шабакавӣ

d)

Платформаи корӣ

12.

Сервер чист?

a)

Компютере, ки дастрасиро ба файлҳо, чопкунӣ, алоқа ва дигар хизматрасониҳоро ба истифодабарандагони шабака дастрас мекунад

b)

Сигналҳои муҳити атрофро ба истифодабарандагони шабака дастрас мекунад

c)

Ҳама гуна дастгоҳе, ки ба шабака пайваст шуда аст ва бо ҳаммуошират мекунанд

d)

Дастгоҳ ё барномае, ки хидматҳои пешниҳодкардаро истифода мебарад

13.

Кадом технологияҳо барои зиёд кардани суръати интиқоли маълумот имкон доданд?

a)

Дастрасии баландсуръат

b)

Шабакаҳои аналогӣ

c)

Истифодаи телеграф

d)

Радио ва телевезион

14.

Каналҳои алоқа дар шабакаҳои компютерӣ

a)

Алокаи спутникӣ, кабели нахи оптикӣ, шабакаҳои телефонӣ, алокаи радиорелейнӣ

b)

Алоқаи спутникӣ, нурҳои офтоб, майдонҳои магнитӣ, телефон

c)

Алокаи спутникӣ, шуоҳои инфрасурх, ултрабунафш, алоқаи релеии контактӣ

d)

Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

15.

Таҷҳизоти шабакавӣ

a)

Роутерҳо(ё маршрутизаторҳо)

b)

Сканер ва плотер

c)

Видеокарта ва видеоадаптер

d)

Принтер ва муш

16.

Маҷмӯи гиреҳҳо (компютерҳо, терминалҳо, дастгоҳҳои периферӣ), ки тавассути каналҳои интиқоли маълумот бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд чӣ ном дорад?

a)

Шабакаи компютерӣ

b)

Таъминоти барномавӣ

c)

Системаи оператсионӣ

d)

Мошини ҳисоббарор

17.

Коммуникатсия чист?

a)

Раванд, роҳ ва воситаҳои интиқоли объект, иттилоот аз як ҷо ба ҷои дигар

b)

Маҷмӯи равандҳо, роҳҳо ва усулҳои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, пешниҳод, паҳн кардани иттилоот

c)

Эҷод, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши иттилоот

d)

Ҷамъоварии иттилооте,ки аз тарафи корбар коркард карда мешавад

18.

Интернети ашё (IoT) чиро дар назар дорад?

a)

Пайваст кардани дастгоҳҳои гуногун ва ашё ба интернет

b)

Пайваст кардани одамон ба интернет ва шабакаҳои шахсӣ

c)

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва глобалӣ

d)

Технологияе, ки интернети суръати кам доштаро пешниҳод мекунад

19.

Насли нави алоқаи мобилӣ, ки суръати баланд ва таъхири камро таъмин мекунад, кадом аст?

a)

5G

b)

3G

c)

4G

d)

Wi-Fi

20.

Кадом технология имкониятҳои нави муошират ва ҳамкориро фароҳам меорад?

a)

Воқеияти виртуалӣ ва иловашуда

b)

5G

c)

Интернети ашё

d)

Зеҳни сунъӣ

21.

Кадом насл аз шабакаҳо суръати боз ҳам баландтар, фарогирии васеътар ва имкониятҳои навро ваъда медиҳад?

a)

6G

b)

4G

c)

5G

d)

Шабакаҳои квантӣ

22.

Консепсияи шабакаи интеллектуалӣ дар кадом сол ба стандарти байналмилалӣ табдил ёфт?

a)

1993

b)

1990

c)

1983

d)

2000

23.

Кадом ташкилот силсилаи тавсияҳои ITU-T Q.1200-ро нашр кард?

a)

ITU-T

b)

ETSI

c)

ANSI

d)

IEEE

24.

Мувофиқи тавсияи ITU-T 1.312/Q.1201, шабакаи интеллектуалӣ пеш аз ҳама барои чӣ пешбинӣ шудааст?

a)

Пешниҳоди хизматрасониҳои нави алоқа

b)

Кам кардани хароҷоти шабака

c)

Амнияти шабака

d)

Баланд бардоштани суръати интиқоли маълумот

25.

Кадом намуди шабака ба мафҳуми шабакаҳои интеллектуалӣ татбиқ намешавад?

a)

Wi-Fi

b)

PLMN

c)

N(B) ISDN

d)

PSTN

26.

Трафики шабакавӣ чист?

a)

ҷараёни иттилооте, ки тавассути шабака интиқол дода мешавад

b)

сигналҳои электрикӣ, ки тавасути ноқил интиқол дода мешаванд

c)

додаҳои шабакавӣ, ки ба базаи додаҳо сабт мешаванд

d)

платформаи корӣ, ки аз от истифода мебаранд

27.

ARPANET чист?

a)

Аввалин шабакаи компютерӣ

b)

Аввалин мошини ҳисоббарор

c)

Системаи оператсионӣ

d)

Таъминоти барномавӣ

28.

Табдилдиҳандаи сигнали аналогӣ ба рақамӣ ва баръакс

a)

Модем

b)

Корти шабакавӣ

c)

Протсессор

d)

Адаптер

29.

Шабакаи глобалии компютерии сатҳи умумиҷаҳонӣ

a)

WWW

b)

E-mail

c)

Интранет

d)

ETHERNET

30.

LAN (Local-Area Network) чист?

a)

Шабакаи маҳаллӣ(локалӣ)

b)

шабакаи компютерии умумишаҳрӣ

c)

шабакаи компютерии миқеси калон

d)

шабакаи шахсӣ

31.

Суръати интиқоли додаҳо дар шабакаҳои компютерӣ бо кадом ченак муайян карда мешаванд?

a)

Бит/сония

b)

Килобайт/гиреҳ

c)

Байт/дақиқа

d)

Байт/соат

32.

Телекоммуникатсия чист?

a)

алоқаи дурдаст, алоқаи дистансионӣ ва интиқоли фосилавии ҳамаи шаклҳои иттилоот, аз ҷумла маълумот, овоз, видео ва ғайра байни компютерҳо тавассути хатҳои гуногуни алоқа.

b)

маҷмӯи равандҳо, роҳҳо ва усулҳои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, пешниҳод, паҳн кардани иттилоот байни корбарони гуногун

c)

хати алоқа барои иртиботи ду ва ё зиёда шахсон

d)

фурӯши иттилоот ба мизоҷон

33.

Оператори шабакаи интеллектуалӣ чӣ ном дорад?

a)

Провайдери шабака

b)

Истифодабарандаи хадамот

c)

Муштарии хидматрасонӣ

d)

Провайдери хидматрасон

34.

Компютери фардӣ – ин……

a)

дастгоҳи электронии бисёрфунксионалӣ барои кор бо иттилоот ва ҳалли вазифаҳои истифодабарандагон

b)

дастгоҳи ҳисоббарории электронӣ барои ҷамъу тарҳи мисолҳои гуногуни математикӣ

c)

дастгоҳ барои кор бо матнҳои калонҳаҷм ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои гуногун

d)

дастгоҳ барои нигоҳ доштани ҳама гуна маълумот, ки барои корбар лозим аст

35.

Шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барои пешниҳоди хадамот бо оператори шабакаи интеллектуалӣ шартнома мебандад, кист?

a)

Муштарии хидматрасонӣ

b)

Истифодабарандаи хадамот

c)

Оператори шабака

d)

Провай

36.

Шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барои пешниҳоди хадамот бо оператори шабакаи интеллектуалӣ шартнома мебандад, кист?

a)

Муштарии хидматрасонӣ

b)

Истифодабарандаи хадамот

c)

Оператори шабака

d)

Провайдери хидматрасон

37.

Консепсияи шабакаи интеллектуалӣ ба кадом бартариҳо асос ёфтааст?

a)

Бартариҳо барои маъмурияти алоқа, операторони шабака ва муштариён

b)

Бартариҳо барои амнияти шабака ва кам кардани хароҷот

c)

Бартариҳо барои баланд бардоштани суръати интиқоли маълумот

d)

Бартариҳо барои танҳо барои операторони шабака

38.

Пас аз нашри кадом силсилаи тавсияҳо консепсияи IS ба стандарти кунунии байналмилалӣ табдил ёфт?

a)

ITU-T Q.1200

b)

ITU-T Q.1100

c)

ITU-T Q.1000

d)

ITU-T Q.1300

39.

Кадом яке аз ташкилотҳои асосии стандартизатсияи коммуникатсионӣ консепсияи IS-ро дастгирӣ мекунад?

a)

IETF

b)

ISO

c)

ANSI

d)

IEEE

40.

Шабакаи интеллектуалӣ чист?

a)

Системаи мураккаб барои идоракунии самараноки захираҳои шабакавӣ

b)

Маҷмӯи дастгоҳҳои физикии шабакавӣ барои интиқоли маълумот

c)

Намуди махсуси сими шабакавӣ, ки ба дастгоҳҳо пайваст шудааст

d)

Протоколи мушаххаси иртибот байни муштариёни гуногун

41.

Платформаи марказонидашудаи идоракунӣ дар шабакаҳои интеллектуалӣ чӣ вазифаро иҷро мекунад?

a)

Мониторинг, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии элементҳои шабака

b)

Интиқоли маълумотро дар шабака таъмин мекунад

c)

Амнияти шабакаро таъмин мекунад

d)

Равандҳои ҷойгиркунии хидматҳоро автоматӣ мекунад

42.

Дар модели OSI, тамоми функсияҳои шабака ба чанд сатҳ тақсим карда мешаванд?

a)

7

b)

5

c)

6

d)

8

43.

Компютере, ки ба интернет пайваст аст, ҳатман чӣ дорад?

a)

IP — адрес

b)

URL — адрес

c)

Номи домен

d)

WEB-саҳифаи худ

44.

Шабакаи глобалии компютерӣ

a)

Маҷмӯи шабакаҳои маҳаллӣ ва компютерҳое, ки дар масофаи дур ҷойгиранд ва тавассути каналҳои алоқа ба як системаи ягона пайвастанд

b)

Системаи иттилоотие,ки имконияти муоширати корбаронро дар як платформа имкон медиҳад

c)

Маҷмӯи хост-компютерҳо ва файл-серверҳо баром доду гирифти маълумот

d)

Компютерҳо, ки тавассути каналҳои интиқоли иттилоот пайвастанд ва дар дохили як ҳуҷра, бино ҷойгиранд

45.

Системаҳои оркестратсия дар шабакаи интеллектуалӣ барои чӣ истифода мешаванд?

a)

Барои автоматикунонии равандҳои ҷойгиркунӣ, танзимот ва идоракунии хидматҳои шабакавӣ

b)

Барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи кори шабака

c)

Барои муҳофизати шабака аз ҳамлаҳо ва бехатарӣ

d)

Барои таъмини сифати беҳтарини хидматрасонӣ барои мизоҷони шабака

46.

DNS чист?

a)

Доменро бо суроғаи IP алоқаманд мекунад.

b)

Системаи таҳлили маълумотро истифода мебарад

c)

Тачҳизоти воридотӣ дар шабака

d)

Сомонаи махсус

47.

SMTP (Simple Mail Transfer Protocol) чист?

4 lines
48.

SMTP (Simple Mail Transfer Protocol) чист?

a)

Протоколи шабакавӣ барои интиқоли почтаи электронӣ тавассути шабакаҳои TCP/IP.

b)

Забони барномасозӣ барои сохтани сомонаҳои гуногун

c)

Протоколи қабули файлҳо тавассути почтаи элетронӣ бо шабакаҳои OSI

d)

Протоколи интиқоли файлҳо дар шабака

49.

Асбобҳои таҳлилӣ дар шабакаҳои интеллектуалӣ чӣ гуна нақш мебозанд?

a)

Маълумотро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунанд

b)

Трафикро авлавият медиҳанд

c)

Сатҳи идоракуниро аз сатҳи интиқол ҷудо мекунанд

d)

Функсияҳои шабакавиро дар шакли мошинҳои виртуалӣ иҷро мекунанд

50.

SDN дар инфрасохтори шабакаҳои интеллектуалӣ чӣ кор мекунад?

a)

Сатҳи идоракуниро аз сатҳи интиқоли маълумот ҷудо мекунад

b)

Функсияҳои шабакавиро виртуализатсия мекунад

c)

Интиқоли маълумотро таъмин мекунад

d)

Дастрасиро ба шабака таъмин мекунад

51.

NFV дар инфрасохтори шабакаҳои интеллектуалӣ чӣ имконият медиҳад?

a)

Иҷрои функсияҳои шабакавӣ дар таҷҳизоти стандартӣ

b)

Танзими динамикии масирҳо

c)

Мониторинги кори шабака

d)

Муҳофизати шабака аз таҳдидҳо

52.

HTTP чист?

a)

Протоколи интиқоли гиперматн

b)

Шабакаи локалӣ

c)

Протоколи почтаи электронӣ

d)

Компютери ба шабака пайваст