Font size
WorksheetsМавзуи 1.Муқаддима. Асосҳои санитария ва гигиена
Total questions: 10
Worksheet time: 7mins
Санитария -
ин маҷмӯи тадбирҳо ва қоидаҳоест, ки барои нигоҳ доштани тозагӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳо ва беҳтар намудани шароити санитарӣ дар муҳити зиндагӣ ва фаъолият равона шудаанд.
Гарчанде ки санитария дар муассисаҳои тиббӣ аҳамияти хоса дорад, он барои ҳар як шахс, ҷомеа ва муҳити зист муҳим аст, хоҳ дар хона бошад, хоҳ дар ҷойи кор ё ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Санитария танҳо ба одатҳои шахсӣ, монанди шустушӯи дастҳо ё нигоҳубини шахсӣ марбут нест. Он ҳамчунин шароитҳои муҳитӣ, мисли идоракунии партовҳо, обтаъминкунӣ ва пешгирии ифлосшавии муҳити зистро дар бар мегирад.
Санитария на танҳо ба корҳои тозагӣ, балки ба ташкили низоми дурусти нигоҳдорӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ, монанди об, ҳоҷатхонаҳо, партовҳо ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ низ алоқаманд аст.
Гигиена-
ин соҳаи илм ва маҷмӯи қоидаҳоест, ки барои нигоҳ доштани саломатии инсон, пешгирии бемориҳо ва таъмини тозагӣ дар шароити шахсӣ ва ҷамъиятӣ равона шудаанд.
Гигиена на танҳо ба тозагии шахсӣ (монанди шустушӯи дастҳо ё нигоҳубини пӯст), балки ба тозагии ғизо, муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои зиндагӣ низ дахл дорад.
Гигиена на танҳо барои пешгирии бемориҳо, балки барои нигоҳ доштани ҳолати умумии солимӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ низ муҳим аст.
Гарчанде ки гигиена ва санитария бо ҳам алоқаманданд, онҳо мафҳумҳои гуногунанд. Гигиена асосан ба одатҳо ва амалҳои шахсӣ равона шудааст, дар ҳоле ки санитария ба ташкили шароити тозагӣ ва идоракунии муҳити зист.
Қоидаҳои санитарии таҳрири охири кадом сол айни замон амалкунанда мебошанд?
2023
2020
2019
2025
Кадом намуди ҳуҷҷатҳоро қонунгузории санитарӣ дар бар намегирад?
Қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ
Қонунҳои федералӣ
Нормативҳои гигиенӣ
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои номбаршуда дар бар гирифта мешаванд
Кадом нишондиҳанда ба параметрҳои асосии микроклимат дохил намешавад?
Ҳарорат
Намнокӣ
Фишори ҳавои атмосфера
Суръати ҳаракати ҳаво
Ҳолати муҳити дохилии корхона, ки ба инсон таъсири мустақим мерасонад, номида мешавад:
Микроклимат
Муҳити истеҳсолӣ
Муҳити экологӣ
Муҳити атроф
Кадом санади меъёрӣ ба гигиенаи шахсӣ алоқаманд аст?
Қонунҳои меҳнат
Қоидаҳои санитарӣ
Тартиботи корӣ
Низомнома корхона
Кадом аз инҳо ба санитария дохил мешаванд?
Шустушӯи дастҳо
Таҷҳизоти обтаъминкунӣ
Мувофиқат ба реҷаи хӯрокхӯрӣ
Муносибати байни кормандон
Қоидаи асосии санитарӣ дар мактабҳо чист?
Тоза нигоҳ доштани синфхонаҳо
Нӯшидани об дар вақти дарс
Ҷудо кардани ҷойи истироҳат барои омӯзгорон
Зиёдтар гузаронидани дарс
Чӣ метавонад хавфи микроклиматро зиёд кунад?
Ҳарорати аз ҳад зиёд
Намнокии паст
Суръати пасти ҳаракати ҳаво
Ҷойгиршавии коргоҳ дар наздикии кӯча
