Worksheets51-100 Савол Таърих ММТ 2019
Total questions: 50
Worksheet time: 25mins
Кадом давлат баъд аз давлати Юнонии Бохтар ташкил ёфта буд?
Сосониён
Ҳахоманишиён
Сомониён
Кушониёни Бузург
Соли 247 пеш аз милод кадом давлат бунёд ёфт?
Ҳахоманишиён
Сосониён
Модҳо
Ашкониён
Давлати Ашкониён БАЪД аз кадом давлат вуҷуд дошт?
Сомониён
Ҳахоманишиён
Ғазнавиён
Сосониён
Сулолаи Ашкониён дар кадом давлат ҳукмрон буд?
Порт
Суғд
Бобул
Бохтар
Асрҳои III пеш аз милод - III милодӣ дар Порт кадом сулола
ҳукмронӣ кардааст?
Умавиён
Ҳахоманишиён
Ашкониён
Аббосиён
Ардашери Бобакон ба кадом давлат асос гузошт?
Ашкониён
Кушониён
Сосониён
Ҳайтолиён
Куҷула Кадфиз дар нимаи дувуми асри II то милод ба кадом
давлат асос гузошт?
Ҳахоманишиён
Юнонии Бохтар
Кушониёни Бузург
Сосониён
Соли 222 Ардашери Бобакон ба кадом давлат асос гузошт?
Кушониён
Саффориён
Тоҳириён
Сосониён
Ардашери Бобакон шоҳи кадом давлат буд?
Сомониён
Сосониён
Кушониён
Ашкониён
Соли 222 ба кадом давлат асос гузошта шуд
Кушониён
Саффориён
Сосониён
Тоҳириён
Ардашери Бобакон кадом шаҳрро пойтахти давлати Сосониён
интихоб намуд?
Тайсафун
Марв
Ҳирот
Исфаҳон
Давлати Сосониён дар кадом асрҳо вуҷуд дошт?
III-VII милод
III-IV то милод
VI-IV то милод
VII-VIII милод
Сардори давлати Сосониён кадом унвонро дошт?
фармондори бузург
шоҳаншоҳ
ирондабирпат
вазири аъзам
Кӣ ойини зардуштиро дини расмии давлати Сосониён эълон
намуд?
Ардашери Бобакон
Монӣ
Куриши Кабир
Маздак
Маздак кӣ буд?
шоҳи сосонӣ
мубади мубадони сосонӣ
сарлашкари сосонӣ
вазири сосонӣ
Сабаби асосии сар задани ҳаракати Маздак аз чӣ иборат буд?
андозҳои вазнин ва қашшоқии мардуми деҳот
дахолати Ҳайтолиён ба корҳои дохилии Сосониён
аз вазифаи мубади мубадон озод кардани Маздак
сиёсати насронипарастии шоҳ Яздигурд
Кадом шоҳи сосонӣ бо номи Анушервони Одил маъруф аст?
Фирӯз
Баҳроми Гӯр
Хусрави I
Шопури Кабир
Девонҳо бори нахуст дар давраи ҳукмронии кадом сулола пайдо
шуданд?
Сосониён
Сомониён
Ғазнавиён
Аббосиён
Дар Хузистони Эрони аҳди Сосониён бо номи Гунди Шопур кадом
маркази муҳим кушода шуда буд?
маркази бузурги тиҷоратӣ
маркази истеҳсолоти косибӣ
маркази таълимию илмӣ
маркази табобати беморон
Дар замони Сосониён ҳокими Марв чӣ унвон дошт?
марзбон
шоҳ
отурвон
ихшид
Охирин шоҳаншоҳи сосонӣ кӣ буд?
Хусрави Анӯшервон
Хусрави Парвиз
Яздигурди III Хусрав
Ардашери Бобакон
Ҳудуди кадом давлати асрҳои IV–VI дар харита инъикос ёфтааст?
Ҳайтолиён
Сосониён
Кушониён
Ашкониён
Пойтахти Суғдро муайян намоед.
Марв
Самарқанд
Бухоро
Чоч
Суғдиён ба кадом дин эътиқод доштанд?
буддоӣ
зардуштӣ
ислом
масеҳӣ
Дар Суғд шӯриши солҳои 720-722-ро кӣ роҳбарӣ намуда буд?
Карзанҷ
Ғӯрак
Тархун
Деваштич
Солшумории ҳиҷрӣ аз кадом сол оғоз меёбад?
соли 570 – таваллуди пайғамбари Ислом дар Макка
соли 622 – ҳиҷрати Муҳаммад-(c.a.в) ба Ясриб
соли 624 – бозгашти Муҳаммад-(c.a.в) ба Макка
соли 632 – вафоти Муҳаммад-(c.a.в) дар Мадина
Дар харита ҳаракати кадом истилогарон нишон дода шудааст?
мақдуниҳо
арабҳо
туркҳо
муғулҳо
Забткориҳои арабҳо дар кадом асрҳо идома дошт?
V-VI
X-XI
IX-X
VII-IX
Соли 651 арабҳо кадом давлатро аз байн бурданд?
Сосониён
Юнонии Бохтар
Ашкониён
Ҳахоманишиён
Солҳои 750-1258 дар Хилофати Араб кадом сулола ҳукмрон буд?
Умавиён
Тоҳириён
Аббосиён
Сосониён
Кадом сулола ПЕШТАР ба сари ҳокимият омада буд?
Сомониён
Аббосиён
Саффориён
Тоҳириён
Бармакиён ба кадом давлат хизмат мекарданд?
Сосониён
Ҳахоманишиён
Темуриёни Ҳинд
Хилофати Араб
Дар арафаи ҳуҷуми арабҳо кадом шаҳр маркази Суғд буд?
Самарқанд
Бухоро
Бунҷакат
Ахсикат
Бойгонии соли 1932 аз харобаҳои қалъаи Муғ ёфтшуда ба кадом
ҳокими Суғд тааллуқ дошт?
Спитамен
Тархун
Деваштич
Ғӯрак
Тархун кӣ буд?
сарлашкари Бухоро
марзбони Марв
ҳокими Фарғона
подшоҳи Суғд
Барои чӣ Тархун – подшоҳи Суғд сарнагун карда шуд?
даъвати мардум ба муқобили арабҳо
надодани товони ҷангӣ
муросокорӣ бо арабҳо
ташкили иттиҳод ба муқобили Қутайба
Кадом подшоҳи Суғд бо арабҳо сулҳ баст ва ҳокимияти онҳоро
шинохт?
Тархун
Ғӯрак
Хутак
Низак
Кадом воқеаи таърихӣ ПЕШТАР ба амал омада буд?
Исёни Муқаннаъ
Шӯриши Рофеъ ибни Лайс
Шӯриши Синдбоди Муғ
“Накбати Бармакиҳо”
Кадом шӯриш ПЕШТАР сар зад?
Муқаннаъ
Абӯмуслими Хуросонӣ
Рофеъ ибни Лайс
Синдбоди Муғ
Шӯриши Синдбоди Муғ ба муқобили кадом сулола нигаронида
шуда буд
Уммавиён
Аббосиён
Саффориён
Сомониён
Аҳолии кадом шаҳр соли 712 бар зидди лашкари араб муқоби-
лияти тӯлонӣ нишон дод?
Бухоро
Марв
Хоразм
Самарқанд
Ин сухан моҳияти кадом давраи таърихиро ифода менамояд:
“Ба аҳли Бухоро фармуд, то як ними хонаҳо ва молу замини худро
ба онҳо бидиҳанд, то ки ба онҳо рӯзаю намоз ёд бидиҳанд”?
тороҷгариҳои ҳайтолиён
забткориҳои юнонию макдуниҳо
истилои арабҳо
лашкаркашии муғулҳо
Қутайба мардуми кадом шаҳрро вазифадор карда буд, ки “ними
хона ва анҷоми онро ба арабҳо бидиҳанд, то ба онҳо рӯзаву намоз
ёд бидиҳанд”?
Самарқанд
Марв
Бухоро
Хоразм
Шӯриши Сафедҷомагонро солҳои 760-784 кӣ роҳбарӣ мекард?
Рофеъ ибни Лайс
Муқаннаъ
Абӯмуслими Хуросонӣ
Шарик
Тарафдорони Муқаннаъ чӣ ном доштанд?
ихтиёриён
сипоҳиён
сафедҷомагон
сарбадорон
Сухан дар бораи кӣ меравад: “... дид, ки занҳо ҳама мурдаанд, худро
дар оташдони ҳаммоме, ки чанд рӯз дар он оташ месӯхт,
мепартояд ва ҳамон замон хокистар мешавад”?
Муққанаъ
Ғӯрак
Спитамен
Деваштич
Шеъри тоҷикони Балх аз кадом воқеаи таърихӣ дарак медиҳад?
Аз Хуталон омадия,
Ба рў табоҳ омадия.
Овора боз омадия,
Хушку низор омадия.
шикасти Асад ибни Абдуллоҳ соли 725 дар Хатлон
ҳуҷуми Қутайба ибни Муслим соли 705 ба Балх
ҳуҷуми Убайдулло ибни Зиёд соли 673 ба Бухоро
шикасти амири Хуросон Ашрас соли 728 дар қалъаи Камарҷо
Шеъри тоҷикони Балх дар давраи кадом истилогарӣ эҷод шуда буд?
Аз Хуталон омадия,
Ба рў табоҳ омадия.
Овора боз омадия,
Хушку низор омадия.
мақдуниҳо
арабҳо
шайбониҳо
муғулҳо
Соли 725 сипоҳи араб дар куҷо мағлуб гардид?
Бухоро
Фарғона
Суғд
Хатлон
Соли 725 муборизаи мардуми Хатлон бар зидди арабҳо чӣ натиҷа
дошт?
Хатлониён бо арабҳо созиш намуданд.
Хоқони турк Хатлонро ғорат кард.
Арабҳо се маротиба мағлуб шуданд.
Шоҳи Хатлон ба асорат афтод.
