NEW
Font size
Worksheets251-300 Савол Таърих ММТ 2019
Total questions: 50
Worksheet time: 25mins
Кишвари Туркистон дар кадом давра қисми таркибии империяи
Русия маҳсуб меёфт?
1839-1867
1867-1917
1918-1920
1920-1991
Солҳои 1867-1917 кишвари Туркистон мустамликаи кадом давлат
буд?
Русия
Эрон
Туркия
Афғонистон
“Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон” кадом
сол қабул шуда буд?
1886
1864
1867
1897
Кадом воқеа дар асри XIX ба амал омада буд?
ташкилёбии генерал-губернатории Туркистон
аз тарафи қабилаи мингҳо барпо гардидани хонии Қӯқанд
фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро
ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Манғитиён
Дар нимаи дуюми асри XIX кадом давлат Осиёи Миёнаро забт
намуд?
Русияи подшоҳӣ
Туркияи Усмонӣ
Британияи Кабир
Эрони Қоҷорӣ
Генерал-губернатории Туркистон дар соли 1867 кадом вилоятҳоро
дар бар мегирифт?
Самарқанд ва Фарғона
Хива, Бухоро ва Қӯқанд
Зарафшон ва Бухорои Шарқӣ
Сирдарё ва Ҳафтрӯд
К.П. Кауфман чӣ вазифа дошт?
сафири Русияи пошоҳӣ дар Бухоро
вазири мудофиаи Русияи подшоҳӣ
вазири корҳои хориҷаи Англия
генерал-губернатори Туркистон
Кадом воқеа дар асри XIX ба амал омада буд?
фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро
ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Манғитиён
таъсис ёфтани хонии Қӯқанд
ташкилёбии генерал-губернатории Туркистон
Андози давлатии кишвари Туркистон чӣ ном дошт?
оброк
хироҷ
аминона
закот
Шумораи кадом корхонаҳои саноатӣ дар кишвари Туркистон
бештар буд?
пахтатозакунӣ
собунпазӣ
равғанкашӣ
винобарорӣ
Роҳи оҳани Осиёи Марказӣ бо кадом мақсад сохта шуд?
таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ
пайвастани Аморати Бухоро бо роҳҳои байналмилалӣ
ба бозори моли саноатчиёни рус табдил додани Осиёи Марказӣ
ташаккулёбии синфи коргари маҳаллӣ
Барои бунёди роҳи оҳани Осиёи Миёна аз кадом бекигарии
Бухорои Шарқӣ мардикорон бештар сафарбар шуда буданд?
Балҷувон
Ҳисор
Қаротегин
Кӯлоб
Кадом рӯзнома аввалин шуда дар Генерал-губернатории
Туркистон нашр гардид?
“Туркестанские ведемости”
“Бухорои Шариф”
“Ойина”
“Садои Фарғона”
Кадом воқеа дар замони ҳукмронии амир Музаффар ба амал
омадааст?
Шӯриши Восеъ
Исёни вабо
Шӯриши Мадали Эшон
Муҳорибаи Зирабулоқ
Кӣ амир Музаффарро “беҳтарин ҳокими уездии ман” номида буд?
Александри III
К.П. Кауфман
А.В. Самсонов
А.Н. Куропаткин
Генерал-губернатори Туркистон киро “беҳтарин ҳокими уездии
ман” номида буд?
амири Бухороро
хони Қӯқандро
шаҳрдори Тошкандро
шоҳи Афғонистонро
Муҳорибаи охирини Русияю Бухороро муайян намоед.
Чӯпонато
Зирабулоқ
Майдаюлғун
назди Ҷизах
Чунин вазъият пас аз кадом воқеа ба амал омада буд: “Мувофиқи
ин, амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои
ҳамсоя маҳрум мегардид”?
ҳалли “масъалаи Помир”
имзои Шартномаи Зирабулоқ
ташкил ёфтани генерал-губернатории Туркистон
“Ҳуҷуми хевагӣ”
Сухан дар бораи кадом забткорӣ меравад: “Оқибатҳои мусбати
забткорӣ ин буд, ки ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил
ва ниммустақили Осиёи Миёна барҳам дода шуд, ғуломдорӣ ва
хариду фурӯши ғуломон манъ карда шуд“?
забти Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо
ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби туркҳои қарохонӣ
ишғоли Осиёи Миёна аз тарафи Нодиршоҳи Афшор
забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия
Пас аз кадом воқеа дар Осиёи Марказӣ боқимондаҳои муноси-
батҳои ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон аз байн рафт?
сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳӣ дар Русия
забти Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи подшоҳӣ
аз байн рафтани аморати Бухоро
барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ
Пайомади забт гардидани Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи
подшоҳиро муайян намоед.
Дини насронӣ дар байни аҳолӣ паҳн карда шуд.
Ҷангҳои мутақобилаи давлатҳо авҷ гирифт.
Ҳуқуқи крепостноӣ ҷорӣ гардид.
Хариду фурӯши ғуломон манъ карда шуд.
Пайомади манфии забти Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи
подшоҳиро муайян намоед.
ба доираи муносибатҳои сармоядорӣ кашида шудани Осиёи
Марказӣ
хотима ёфтани ҷангҳо байни мулкҳои мустақил ва ниммустақил
аз байн рафтани боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ
аз байн рафтани истиқлолияти давлатдории халқҳои сарзамин
Оқибати манфии забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи
подшоҳиро муайян намоед.
манъ карда шудани боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ,
махсусан хариду фурӯши ғуломон
хотима ёфтани ҷангҳои байниҳамдигарии мулкҳои мустақил ва
ниммустақили Осиёи Миёна
таназзули муносибатҳои феодалӣ ва рушди муносибатҳои
пулию молии сармоядорӣ
аз ҳам ҷудо гардидани тоҷикони ду тарафи соҳили дарёи Панҷ
ва ба инобат нагирифтани манфиатҳои халқи тоҷик
Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омадааст?
оғози салтанати Шайбониён
таъсиси хонигарии Қӯқанд
таъсиси давлати Темуриёни Ҳинд
ташкилёбии генерал-губернатории Туркистон
Нахустин генерал-губернатори Туркистон кӣ буд?
Александри II
Ф.К. Гирс
М.С. Ионов
К.П. Кауфман
Дар нимаи дуюми асри XIX Осиёи Миёна тобеи кадом империя
гардид?
Туркияи Усмонӣ
Русия
Британияи Кабир
Австро-Венгрия
Сарвари эъзомияи Искандаркӯл кӣ буд?
Абрамов А. К.
Мищенко Д. К.
Федченко А. Ф.
Соболев Л. Н.
Аввалин корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Марказӣ кай ба вуҷуд
омад?
нимаи дувуми асри XIX
охири асри XVIII
ибтидои асри XX
нимаи аввали асри XIX
Сиёсати аграрии Русия пас аз ишғоли Осиёи Миёна ба кишти
кадом намуди пахта мусоидат намуд?
суриягӣ
америкоӣ
мисрӣ
чинӣ
Дар нимаи дувуми асри XIX дар Осиёи Марказӣ кадом раванд
идома дошт?
аз байн рафтани аморати Бухоро
устувор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ
забткориҳои Русияи подшоҳӣ
ташкил ёфтани аморати Бухоро
Хонии Қӯқанд дар кадом давра аз байн бурда шуд?
асри XVIII
нимаи аввали асри XIX
ибтидои асри XX
нимаи дувуми асри XIX
Бузургтарин шӯриши халқӣ дар нимаи дуюми асри XIX дар
ҳудуди Аморати Бухоро кадом аст?
Шӯриш дар Заврон
Шӯриш дар Ромит
Шӯриши Эшони Дӯкчӣ
Шӯриши Восеъ
Шӯриши Восеъ дар давраи ҳукмронии кадом амири Бухоро сар
зад?
Музаффар
Насрулло
Абдулаҳад
Олимхон
Соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ кадом воқеа руй дод?
фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон
Шӯриши Восеъ
“Исёни вабо
хуруҷи коргарони кони ангишти Заврон-Киштут
Воқеаи соли 1888-ро муайян намоед.
Шӯриши Заврон
“Исёни вабо”
Шӯриши Восеъ
Шӯриши Эшони Дӯкчӣ
Кадом воқеа соли 1888 ба амал омада буд?
Инқилоби якуми рус
“Исёни вабо”
Шӯриши Эшони Дукчӣ
Шӯриши Восеъ
Кадом воқеа дар асри XIX ба амал омадааст?
Шӯриши Восеъ
Ҷанги Якуми Ҷаҳон
Шӯриши миллию озодихоҳӣ дар Хуҷанд
Инқилоби Сотсиалистии Октябр
Кадом воқеа дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба амал омадааст?
Шӯриши Эшони Дукчӣ
Шӯриши Восеъ
Инқилоби якуми рус
“Исёни вабо”
Андози “сабзапулӣ” пас аз кадом шӯриш бекор карда шуд?
Восеъ
Усмон
“Исёни вабо”
Қаландаршоҳ
Кадом воқеа дар Аморати Бухоро ба амал омадааст?
ҳалли “масъалаи Помир”
Шӯриши Восеъ
Шӯриши Мадали-Эшон
“Исёни вабо”
Моҳи июни соли 1892 дар шаҳри Тошканд кадом воқеа рӯй дода
буд?
“Ҷанги лой”
“Фоҷиаи Утрор”
“Исёни вабо”
Фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон
Кадом воқеа соли 1898 ба амал омада буд?
Шӯриши Эшони Дукчӣ
“Исёни вабо”
ба имзо расидани Шартномаи дӯстӣ байни Русияю Бухоро
ба охир расидани тобеъшавии мулкҳои Бухорои Шарқӣ ба
Аморати Бухоро
Шӯриши Эшони Дукчӣ дар куҷо сар зад?
Тошканд
Андиҷон
Бухоро
Самарқанд
Асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ кӣ буд?
Садриддин Айнӣ
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ
Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ
Аҳмад Махдуми Дониш
Кӣ ба ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ асос гузошт?
Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ
Аҳмад Махдуми Дониш
Садриддин Айнӣ
Дар расм кадом лаҳзаи таърихӣ тасвир ёфтааст?
суҳбати намояндаи англис бо
фуқарои Бухоро
мулоқоти намояндаи рус бо Аҳмади
Дониш ва ҳамсафаронаш
мулоқоти намояндагони сафорати
Бухоро бо намояндаи Туркия
суҳбати намояндаи рус бо
машрутахоҳони афғон
Сухан дар бораи кӣ меравад: “... дар хотимаи “Рисолаи таърихӣ” ба
хулосае меояд, ки салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии
иҷтимоӣ асос ёфтааст, бинобар ин он бояд сарнагун шавад”?
Мирзо Абдулазими Сомӣ
Шарифҷон Махдуми Садри Зиё
Аҳмади Дониш
Дилшоди Барно
Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш сарчашмаи ташак-
кули кадом ҳаракат гардиданд?
панисломӣ
ҷадидия
пантуркистӣ
куҳнапарастӣ
Ҳаракате, ки дар кишвари Туркистон сарваронаш Маҳмудхоҷа
Беҳбудӣ, Абдуқодир Шакурӣ ва Мунаввар-Қорӣ буданд, чӣ ном
дошт?
ҷадидия
марксизм
шӯрои уламо
инқилобия
Ташаккулёбӣ ва густариши ҳаракати ҷадидия ба кадом давраи
таърихӣ рост меояд?
миёнаи асри XIX
нимаи дувуми асри XVIII
охири асри XIX ва ибтидои асри XX
солҳои 20-уми асри XX
